Ссылки доступа

Назарбоев: ба Остона "Афғонистони шукуфон" даркор аст


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз дар Остона бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шудааст, мулоқот кард.

Назарбоев дар ҷараёни мулоқот гуфт, ки Остона аз сиёсати Кобул дар заминаи ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои мухталифи байналмиллалӣ ҳимоят мекунад.

- Қазоқистон барои таъмини суботи Афғонистон ҳамаҷониба кӯмак мекунад. Ба кишвари мо Афғонистони шукуфоне даркор аст, ки бо он робитаҳои дӯстона дошта бошем, - иқтибос овардааст аз суханони Назарбоев маркази матбуотии вай.

Раҳбарони ду кишвар масоили тиҷоративу иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, кишоварзиву фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин мушкилоти амниятиро баррасӣ кардаанд. Ашраф Ғанӣ ба зарурати муборизаи муштарак бо терроризм барои амнияти минтақа таъкид кардааст.

Дар фарҷоми мулоқот миёни ҳукуматҳои Қазоқистон ва Афғонистон дар заминаи ҳамкориҳо дар арсаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи пайомади офатҳои табиӣ ва ҳамчунин қарордоди байниҳукуматӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар арсаи фарҳанг имзо шуданд

XS
SM
MD
LG