Ссылки доступа

Сокини Тоҷикистон барои шиорҳои зидди ҳукумати Сурия маҳкум шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ёвон Толиб Лоиқовро бо иттиҳоми тундгароӣ ба 1 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кард.

Толиб Лоиқови 26-сола чаҳор сол қабл бо мусоидати хешовандонаш барои таҳсил озими Сурия шуда буд, аммо дар он ҷо ба сафи гурӯҳҳои ифротии "Ҷайши хур" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра" пайваста, дар гирдиҳамоиҳои аз сӯйи ин гурӯҳҳо ташкилшуда ширкат мекард ва ҷавонони тоҷикро барои пайравӣ даъват мекард", - хабар дод маркази матбуотии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Худи Толиб Лоиқов дар додгоҳ иқрор шудааст, ки тавассути почтаи электронӣ дар мукотибаҳо бо донишҷӯёни тоҷик "дар мавриди беадолатии режими Башор Асад назари худро изҳор доштааст".

Дар ду соли охир беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва тибқи омори ахир беш аз 300 нафари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, 50 нафар ба ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG