Ссылки доступа

Дар Қрим масҷидеро ғорат кардаанд


Афроди ношинос масҷидеро дар Қрим, ки аз сӯйи Русия тасарруф шудааст, ғорат кардаанд. Идораи мусалмонони Қрим хабар медиҳад, ки 19 ноябр ҷинояткорон аз масҷиди Яна Маале дар наздикии шаҳри Судак қуттиеро бо пули хайрот дуздидаанд.

Ба иттилои ин Идора, аз аввали соли 2015 ин ҳаштумин мавриди ғорати масҷид дар Қрим мебошад. 14 ноябр афроди ношинос ба сӯйи масҷид дар деҳаи Завет-Ленинский сангпартоӣ карданд. Дар моҳи сентябр овезаҳои кӯчагӣ бо акси масҷиди дар Симферопол сохта мешударо тавҳин карданд.

Бештаре аз сокинони мусалмони ин нимҷазира тоторҳои Қрим мебошанд. Бештаре аз онҳо аз ғасби ин нимҷазираи украинӣ аз сӯйи Русия дар моҳи марти соли 2014 ошкоро эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG