Ерлан Кожагапанов Айсултон Назарбоевро ба ин ҳамоиш даъват карда, аз ширкаткунандагон хост, ки ин вазъиятро ихтилоф унвон накунанд. Вай гуфт, ки «дар атрофии федератсия ҳеҷ даргирие нест, танҳо муҳокима вуҷуд дорад». Ба гуфтаи раҳбари ФФҚ изҳори назари Айсултон Назарбоев таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба рушди футбол дар кишвар ҷалб мекунад.
Дар аввали моҳи сентябр Айсултон Назарбоев – набераи раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев, ки ахиран фавтидааст, унвонии ФФҚ номае ирсол дошта, пешниҳод кард, ки номзадиаш ба курсии раҳбари арсаи футбол ба манзури “аз байн бурдани бесалоҳиятӣ ва ихтилофи манфиатҳо” баррасӣ карда шавад.