Ссылки доступа

“Осиёи Марказӣ” – барномаи нави телевизионӣ аз “The Current Time”


Барномаи хабарии “Осиёи Марказӣ” ҳамарӯза давоми ним соат аз шабакаи телевизионии “The Current Time” -- “Дар ҳоли ҳозир” пахш мешавад.

“Осиёи Марказӣ” – ин барномаи дурахшон, динамикӣ ва интерактивӣ бо сабки “тафреҳӣ” аст, ки рӯзноманигории қадимиро бо шаклҳои тафреҳӣ-иттилоотӣ ва абзори “расонаҳои ҷадид” ба ҳам омезиш додааст, мегӯяд раҳбари тарҳи мазкур Кенан Алиев.

Мавзӯъҳои асосии “Осиёи Марказӣ” – ин ҳаводиси муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд буд. Ҳамчунин ҳодисаҳои муҳими ҷаҳонӣ, ки барои Осиёи Марказӣ аҳамият доранд, тариқи ин барнома намоиш дода хоҳанд шуд. Дар ин барнома илм, таҳсил, санъат, таърих ва варзиши кишварҳои минтақа ба таври васеъ инъикос мешаванд.

Барномаро хабарнигорон ва коргардонҳо дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шаҳри Москва, Брюссел, Лондон, Вашингтон, Ню-Йорк ва Пекин, дафтари марказии Прог, ки муҳаррирони собиқадор, коргардонон, рӯзноманигорон ва мутахассисони дигарро гирди ҳам овардааст, омода мекунанд. Барномаро ровии машҳури Осиёи Марказӣ – Динара Егеубаева (Аргин) муаррифӣ мекунад.

Ин тарҳ аз оғози моҳи сентябр иҷро мешавад, аммо аллакай чанд ширкати телевизионии Осиёи Марказӣ бо “The Current Time” ҳамкориро роҳандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG