Ба гуфтаи яке аз ширкаткунандагони ин иқдом, узви иттиҳоди "Манзилро ба мардум мегузорем" Гулҷамол Айтимуҳаммадова, гирдиҳамомадагон хостанд, ки то поёни баррасии қарзҳои ипотекӣ бо мақсади тағйири шартҳои пардохт қарздорон аз манзил берун карда нашаванд. Қарзҳои ипотекӣ қарзҳое мебошанд, ки мардум барои харидан маскан мегиранд.
- Қарздорон барои навсозии шартҳои қарзҳои ипотекӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Аммо иҷрокунандаҳои судӣ онҳоро маҷбурӣ аз манзилашон берун мекунанд. Бонки миллӣ бояд ба бонкҳои сатҳи дуввум дастур диҳад, ки барои ситонидани қарзҳо даъво пешниҳод накунанд, - гуфт Айтимуҳаммадова.
Намояндаи бахши ҳимояи ҳуқуқи муштариёни хадамоти молии Бонки миллӣ Александр Терентев ба назди гирдиҳамомадагон баромад ва гуфт, ки ихроҷи қарздорон аз манзиҳояшон ғайриқонунӣ аст ва аз ҷамъомадагон хост, ки пароканда шаванд.
Ҳукумати Қазоқистон дар соли ҷорӣ барои тағйир шартҳои қарзҳои ипотекӣ 130 миллиард танга ҷудо кард. Ба иттилои мақомот то 1 ноябр барои ширкат дар барномаи таҷдиди қарзҳои ипотекӣ 11 ҳазор ариза ворид ва қариб шаш ҳазори онҳо тасдиқ шудаанд.