Ссылки доступа

Ба президенти Тоҷикистон мақоми "пешвои миллат" дода мешавад


Гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки тибқи он ба раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақоми "пешвои миллат" дода мешавад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи маҷлиси поёнии порлумони кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи ин қонун дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон 23 ноябр баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи вай баъд аз таҳлили дақиқ ин тарҳи қонун барои натиҷагирӣ ба кумитаҳо ва комиссияҳои маҷлиси поёнии порлумон фиристода шудааст.

Ибораи "пешвои миллат" дар номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори аввал 27 октябр дар хабари маркази матбуотии президентӣ садо дод ва сипас ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ ин ибораро дар нисбати раҳбари кишвар истифода карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 раҳбари Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG