Ссылки доступа

Шикоят аз бебарқӣ сабаби иттиҳом ба ҳамҷинсгароӣ шуд


Дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон кормандони пулис омӯзгори 20-солаи мактаби миёна Муҳаммадризо Эргашевро бо гумони ҳамҷинсгароӣ ба ҳабс гирифтанд. Дар ин бора бахши ӯзбекии радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Наздикони омӯзгор ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд мақомот гӯиё аз телефони ҳамроҳи вай чанд сабти видеоии шаҳвонӣ пайдо кардаанд. Хешовандони Муҳаммадризо бар инанд, ки вай дар пайи фошгӯиҳояш аз набудани неруи барқ ҳабс шудааст.

Пулис дар бораи боздошти Эргашев то ҳанӯз иттилое надодааст.

Рӯзи 19 октябри имсол Муҳаммадризо ба истгоҳи барқӣ аз набудани неруи барқ шикоят бурда буд. Дар пайи ин шикоят пулис ӯро ба ҳабс гирифт ва 5 рӯз бидуни обу ғизо нигаҳ дошт.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, чанд соли охир ба деҳоти ин кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат неруи барқ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG