Ссылки доступа

Фаронса ва Бритониё тақвияти зарбаҳо ба ДИ-ро ваъда карданд


Фаронса ва Бритониё зарбаҳо ба мавзеъҳои гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ»-ро дар Сурия ва Ироқ тақвият медиҳанд, изҳор дошт раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд баъд аз мулоқот бо нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон.

«Мо зарбаҳои худро бештар карда, он ҳадафҳоеро интихоб мекунем, ки маҳви онҳо ба артиши террористон шикасти бештаре хоҳад овард», - иқтибос овардааст аз суханони Олланд хабаргузории Франс Пресс.

Зимни суханронӣ дар Порис баъд аз мулоқот бо нахуствазири бритониёӣ Олланд тасдиқ кард, ки киштии ҳавопаймобари фаронсавии «Шарл де Голл» барои ширкат дар маъракаи зидди ДИ ба баҳри Миёназамин равон шудаааст.

Дар навбати худ Кэмерон хабар дод, ки вай ва Олланд ба созиш расиданд, ки ҳамкориро барои мубориза бо терроризми байналмиллалӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла Порис ва Лондон табодули иттилои марбут ба мусофиркашонии ҳавоиро бештар мекунанд.

XS
SM
MD
LG