Ссылки доступа

Ҳамназарии Путин ва Хоманаӣ дар масъалаи Сурия


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Теҳрон бо раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мулоқот кард.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл мулоқоти 23 ноябрро «созанда» унвон карда, изҳор дошт, ки Москва ва Теҳрон зидди «талошҳои берунаи дастур додан ба тарзи ҳалли сиёсии бӯҳрони Сурия ҳастанд».

Русия ва Эрон аз ҷонибдорони калидии президенти Сурия Башор Асад дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандие ҳастанд, ки аз соли 2012 ба ин сӯ идома дорад. Ин ду кишвар даъватҳои ИМА ва шарикони ғарбиро ба истеъфои раҳбари Сурия қабул надоранд. Ба арзёбии коршиносони ғарбӣ, Русия ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ бештар машғули мавриди ҳадаф қарор додани мавзеоти мухолифони мӯътадили Сурия аст, ки аз сӯйи коршиносони амрикоӣ омӯзиш дода мешаванд. Ин кишварҳо иддао доранд, ки ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аслан мавриди ҳамла қарор намегиранд. Теҳрон низ мушовирони низомии худро барои тақвияти ҳокимияти раиси ҷумҳури Сурия мефиристад.

​Дар ҷараёни дидори хусусӣ бо оятуллоҳ Алии Хоманаӣ Путин ба вай нусхаи қадимии Қуръонро тақдим кард. Путин пас аз соли 2007 ҳоло бори нахуст ба Теҳрон сафар кард, то дар ҳамоиши кишварҳои содиркунандаи газ ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG