Ссылки доступа

Аз харидҳои интернетӣ дар Қирғизистон боҷ гирифта хоҳад шуд


Комиссияи иқтисодии Авруосиёгӣ (КИА) имкони роҳандозии пардохтҳои гумрукӣ барои харид аз фурушгоҳҳои интернетиро баррасӣ мекунад.

Гурӯҳи корӣ дар назди Комиссияи иқтисодии Авруосиё ду тарҳи боҷгирӣ аз харидҳои интернетиро таҳия кардааст. Тарҳи аввал хариди молҳои арзонтар аз 22 евро ва вазнашон то 1 килограммро аз андозҳои гумрукӣ озод мекунад. Аммо харидории молҳои нархашон аз 22 то 150 евро бо вазни то 10 килограмм 15 евро боҷ хоҳанд дошт. Агар вазни онҳо аз 10 кг боло бошад, ҳамчунин баробари 30%-и арзиши гумрукии онҳо боҷ дода хоҳад шуд, ҳарчанд на бештар аз 4 евро барои як кг.

Тарҳи дуввум 10 евро боҷии гумрукиро барои маҳсулоти арзонтар аз 150 евро (арзиши гумрукӣ), ва сабуктар аз 10 килограммро дар назар дорад. Аммо агар нишондодҳо бештар аз ин ҳаҷм бошад, боз баробари 30%-и арзиши гумрукӣ пул гирифта хоҳад шуд.

Кадом тарҳ артарӣ хоҳад дошт, маълум нест, аммо рӯшан аст, ки чунин тасмим ба Қирғизистон ҳамчун узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъсир хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG