Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон хабари ҳамлаҳои эҳтимолиро рад мекунанд


Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабари шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба фурӯшгоҳҳои бузург рад мекунад.

«Миёни корбарони шабакаи мобилии WhatsApp ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ бо такя ба вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург иттилоъ паҳн шудааст. Ин хабарро ВКД-и Қазоқистон тасдиқ намекунад», - омадааст дар хабари вазорат.

Тавре вазорат таъйид мекунад, вазъияти Қазоқистон «зери назорат аст». Вазорати он кишвар аз шаҳрвандон хостааст, танҳо ба иттилои расмӣ бовар кунанд. Қаблан мақомоти он кишвар дар бораи пурзӯр кардани чораҳои амниятӣ ва тафтиши шаҳрвандон ба ҳангоми вуруд ба бархе аз идораҳо хабар дода буданд. Ин чораҳои амниятӣ баъди ҳамлаҳои Порис, ки 13 ноябр сурат гирифт ва 129 кушта бар ҷой гузошт, роҳандозӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG