Холназаров дар ин мақом Ҷамшед Каримовро иваз кард. Каримов бо қарори ҳукумат муовини вазири молияи кишвар таъйин шудааст.
Холназаров дар моҳи июни соли гузашта бо фармони президенти кишвар аз сафирӣ барканор шуда буд. Дар ҳоли ҳозир Назирмад Ализода сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон аст.
Тибқи бархе аз маълумот, Холназаров яке аз хешовандони раисҷумҳур аст. То ба вазифаи сафирӣ таъйин шуданаш, вай яке аз шӯъбаҳои Сарраёсати консулгариро раҳбарӣ мекард.