Тағйироти кадрӣ дар вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба оқибатҳои исёни моҳи сентябрии собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода марбут медонанд.
Ҳамчунин раисони шӯъбаҳои умури дохилии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ, Рӯшон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, муовини собиқи вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода панҷ соли охир ба табадуллоти давлатӣ омодагӣ медидааст ва 4 сентябр ба бахшҳои милитсия ҳамла карда, сипас дар ҷараёни амалиёти махсус дар дараи Ромит кушта шуд. Дар ин даргириҳо даҳҳо нафар куштаву қариб 140 нафар ҷонибдори Назарзода боздошт шудаанд.