Ин чорабинӣ бо пуштибонии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба мудирияти қисмати шимолии сарҳади Афғонистон бо иштироки хадамоти марзбонии Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.
Тарҳи мазкур бахши ҷудонашавандаи Барномаи ҳамкории минтақавиест, ки бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Афғонистон роҳандозӣ мешавад ва барномаҳои дигареро, ки дар Тоҷикистону Афғонистон иҷро мешаванд, тақвият мебахшад.