Бино бар иттилои маркази матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ҷаласаи Ашқобод муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷопон ширкат карданд.
Тарафҳо дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва боркашонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҷопониро дар иҷрои чунин тарҳҳо баррасӣ карданд.
Ҷаласаи навбатии Гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар соли оянда дар шаҳри Токиои Ҷопон барпо хоҳад шуд.