Ссылки доступа

Порлумони Тоҷикистон сайтбандиҳоро қонунӣ кард


Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби иловаҳо ва тағйирот ба Қонуни мубориза бо терроризм расман қатъ кардани алоқаи телефонӣ ва дастрасӣ ба Интернетро дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ қонунӣ сохт.

Акнун Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон ҳақ дорад аз рӯйи қонун дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дастрасӣ ба алоқаи телефонӣ ва Интернетро қатъ кунад.

Вакили порлумон Хайрулло Сӯфиев изҳор дошт, мақсад аз ислоҳот ин аст, ки "ба сар задани мушкилот дар фазои иттилоотии кишвар ба ҳангоми анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ роҳ дода нашавад".

Ҳодисаҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба алоқаи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон дар гузашта ҳангоми анҷоми амалиёти махсус дида шудаанд. Дар давраҳои гуногун дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳдуд гаштааст. Хадамоти алоқаи кишвар ҳамеша гуфтааст, ки дар ин сайтбандиҳо саҳм надорад ва онҳо аз мукшилоти фаннӣ сар задаанд.

XS
SM
MD
LG