Ссылки доступа

Дарига Назарбоева занони сиёсатмадорро ба ҳезум монанд кард


Дарига Назарбоева, муовини сарвазири Қазоқистон ва духтари калонии президенти он кишвар бар ин аст, ки фаъолияти сиёсии занҳо кори ношукрона аст.

Дар саммити занони Авруосиё дар Остона хонум Назарбоева гуфт, ба фарқ аз он занҳое, ки хонавода ва тиҷоратро интихоб кардаанд, занҳои сиёсатмадор 24 соати шабонарӯз кор мекунанд ва ҳам мавриди “танқиди беохир” қарор мегиранд.

- Он (занҳое), ки дар сиёсат ҳастанд – онҳо ҳезуме ҳастанд, ки барои нигаҳ доштани оташ ҳамеша бояд дар бухорӣ бисӯзанд, - гуфт духтари президент.

Ба андешаи Назарбоева, занҳои соҳибхона ва ё тоҷир маҳсули корашонро мебинанд. Соҳибкорзанҳо метавонанд аз фаъолияташон фоида ба даст оранд, занҳои хонашин дар интиҳо ба ташаккури фарзандон ва шавҳар сазовор мешаванд.

Вай аз занҳо хост, “қабл аз интихоби масири сиёсат” 100 бор биандешанд.

Саммити занони Авруосиё бо пуштибонии бунёди соҳибкории «Даму» якҷоя бо Комисияи миллии кор бо занҳо ва хонаводаи назди президенти Қазоқистон ва Анҷумани занҳои соҳибкори он кишвар барпо мешавад. Тавре ташкилкунандагони саммит изҳор медоранд, мавзуъҳои муҳими ин нишаст ба барномаи президентии “Нурли жол”, пуштибонии давлатии рушди соҳибкории занҳо ва масоили “ҳамгироии Авруосиё” бахшида шудаанд.

XS
SM
MD
LG