Туркия мегӯяд ҳар 30 сония дар тӯли 5 дақиқа ҳушдорҳо такрор шуда, вале ронандаҳои ҳавопаймои русӣ ин огаҳиро сарфи назар кардаанд.
Пештар, рӯзи чаҳоршанбе халабони ҳавопаймои бомбаандози Су-24 Константин Мурахтин изҳор дошта буд, ки “ҳеҷ гуна табодули хабар ва ё тамоси воқеӣ бо ҳарбиёни турк сурат нагирифтааст” ва мушаки партобшуда “ногаҳон ба думи ҳавопаймо бархӯрдааст”.
Су-24-и Русия субҳи 24 ноябр дар наздикии марзи миёни Туркия ва Сурия ҳадафи оташи ҳавопаймоии низомии F-16-и сохти амрикоӣ қарор гирифт. Мақомоти Русия пофишорӣ доранд, ки ҳавопаймои Су-24 ҳангоми мавриди ҳамла қарор гирифтанаш дар ҳарими ҳавоии Сурия қарор дошт. Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия кушта шудани яке аз сарнишинони Су-24-ро тасдиқ кард.