Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шумори соҳибкорон коҳиш ёфтааст


Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ 20 ҳазор соҳибкори хусусӣ тарки тиҷорат кардааст.

Қисме аз онҳо патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкории худро бекор кардаанд. Аммо маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо дубора ва дар шакли дигар фаъолияти худро идома додаанд.

Бархе аз соҳибкорон тамоюли тарки тиҷорат кардани соҳибкориро ба болоравии арзиши доллари ИМА дар баробари қурби пули миллӣ, афзудани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва зиёд шудан сарбории андоз рабт медиҳанд. Дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ арзиши 1 доллар аз ҳафт сомонӣ болотар рафт.

Соҳибкорон ҳамчунин аз боло рафтани пардохтҳои гумрукӣ, иҷора, андоз ва коҳиш ёфтани тавоноии харидории сокинон шикоят мекунанд.

Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон, бино бар баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, дар як соли охир дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ-2016» шаш зина боло рафтааст, аммо ҳанӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар маҷмуъ ИДМ мақоми пасттаринро соҳиб аст.

XS
SM
MD
LG