Ссылки доступа

Бештар аз 30 мошини сардори собиқи Интерпол мусодира шуд


Дар Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон маҷмуаи мошинҳои гаронарзиш ва қадимие, ки ба сардори пешини Интерпол дар Ӯзбекистон, полковники 56-солаи Хадамоти амният ва соҳибкор Юрий Савинков тааллуқ доштанд, мусодира шуд.

Хабар дода мешавад, қисме аз ин маҷмуаи иборат аз 33 мошин чанд сол пештар аз ду соҳибкори дигари ӯзбек – Дмитрий Лима ва Ботур Раҳимов, ки пайи ҳам равонаи зиндон шуданд, мусодира гардида буд.

Он замон гуфта мешуд, ки мошинҳои мусодирашуда ба осорхонаи мошинҳои Тошканд интиқол ёфтааст. Бино бар иттилои расмӣ, дар манзили Савинков ҳамчунин даҳҳо расме, ки аз Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон гум шудаанд, пайдо гардид.

Сардори собиқи намояндагии Интерпол дар Ӯзбекистон Юрий Савинков дар моҳи августи имсол бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG