"Барои онҳо фарқ надорад, ки киро мекушанд - модари тоҷик ва ё кӯдаки навзодро. Дар муддати кӯтоҳ онҳо Тоҷикистонро ба Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон табдил медиҳанд", - омадааст дар ин фатво.
Шӯрои уламо, ки аз имом-хатибони масҷидҳо ва фақеҳон иборат аст, мегӯяд, ҳамлаҳои террористӣ дар Порис натиҷаи фаъолияти равияи "Салафия" аст.
Равияи салафия дар Тоҷикистон чанд сол пеш, баъд аз бозгашти муҳассилини мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба ватан, пайдо шуд. Онҳо аз дигарон бо либос ва бо садои баланд талаффуз кардани "Омин" дар миёни намоз ва даъвати аҳолӣ ба барчидани сангҳои мазор фарқ мекунанд. Чунин рафтор сабаб шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт донишҷӯёни мадрасаҳоро аз бархе аз кишварҳои исломӣ ба ватан бозгардонад. Дар соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ин равияро "ифротгаро" донист.