Ссылки доступа

Дар рӯйхати душманони "Давлати исломӣ" номи 60 кишвар зикр шудааст


Дар навори нави созмони террористии "Давлати исломӣ" дар рӯйхати кишварҳое, ки шомили иттиҳоди зидди ин созмон мебошанд, номи 60 кишвар гирифта шудааст.

Дар ин навори видеоии "Давлати исломӣ", ки дар сомонаи "Дабиқ" нашр шудааст, эътилофи зидди "ДИ" "иттиҳоди шайтонҳо" унвон шудааст. Дар ин навор ҳамчунин гуфта шудааст, ки террористҳо "парчамҳои кишварҳои ширкаткунандаи ин иттиҳодро ҳисоб мекунанд". Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин феҳраст номбар нашудаанд, аммо террористон изҳор медоранд, ки миқдори кишварҳо дар ин рӯйхат метавонад то ба 80 адад расад.

Дар миёни кишварҳои узви иттиҳоди зидди ДИ ба ҷуз аз Русия, ИМА, Эрон, Бритониё, Фаронса, Австралия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Тунис, Малта, бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва Ховари Миёна ҳамчунин аз Украина ва Молдавия ном бурда шудааст.

XS
SM
MD
LG