Ссылки доступа

САҲА қонуни дастрасӣ ба маълумоти Қазоқистонро танқид кард


Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии баён рӯзи 25 ноябр аз ҷанбаҳои мусбати қонуни Қазоқистон дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъ ситоиш кард, вале ҳамчунин гуфт, бархе аз нукот дар қонунгузорӣ дуруст шарҳ дода нашудааст ва монеа эҷод мекунад.

Миёни ин норасоиҳо Миятович аз меъёрҳое ном бурд, ки дастрасӣ ба бархе аз чорабиниҳоро маҳдуд мекунанд. Вай ҳамчунин аз набудани созмони мустақили назораткунандаи шикоятҳо ном бурд.

Миятович изҳори умедворӣ кард, ки қонуни дастрасӣ ба маълумоти Қазоқистон тағйир мехӯрад ва афзуд, намояндагии САҲА омодааст, ки дар ислоҳ ва такмили тарҳ саҳм гирад.

XS
SM
MD
LG