Дар ин бора сухангӯи Назарбоев Даурен Абаев тариқи Фейсбук хабар дода, афзудааст, ки «паём барои ҳама ҷолиб хоҳад буд».
«Паёми раисҷумҳур ба сокинони Қазоқистон 30 ноябр ироа мешавад. Мо якбора дар чанд шабакаи телевизионии ҷумҳурӣ пахши мустақимро ба роҳ мемонем. Тавре пештар худи президент дар маҷлиси ҳукумат изҳор дошт, паёми вай ба амалкарди кишвари мо дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ бахшида хоҳад шуд»,- омадааст дар хабари сухангӯи Назарбоев.
Дар соли 2014 паёми раисҷумҳури Қазоқистон 11 ноябр садо дода буд. То ин замон Нурсултон Назарбоев ҳамеша дар ибтидои сол бо паёмаш ба сокинон муроҷиат мекард. Паёми имсолаи Назарбоев 20-умин паёми вай ба мардум Қазоқистон аст.