Дар изҳорот омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон бо андуҳ ин хабарро дарёфт кардааст ва ба пайвандони сарнишини кушташуда изҳори ҳамдардӣ баён мекунад. «Дар шароити феълӣ мо ҳамраъйӣ, иттиҳод ва ҷонибдорӣ аз якдигар дар мубориза бо терроризм ва посухи дастаҷамъона ба душмани умуми худ – терроризми ҷаҳониро хеле муҳим мешуморем»
Мақомоти Туркия мегӯянд, ҳавопаймои ҳарбии Русия баъди ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Туркия ва нодида гирифтани ҳушдорҳо мушакборон шуд. Москав пофишорӣ дорад, ки ҳавопаймои ҳарбиаш ҳарими ҳавоии Туркияро рахна накардааст.