Ссылки доступа

Қирғизистон гардиши долларро маҳдуд мекунад


Ҳамаи пардохтҳо ва доду гирифти тиҷоратӣ дар дохили Қирғизистон бояд бо сом сурат бигирад, гуфтааст раиси Бонки миллии он кишвар Толкунбек Абдигулов.

«Мо бо исрор аз ҳукумат талаб мекунем, ки танзимро ба вуҷуд орад, то ин ки ҳамаи пардохтҳо бо пули миллӣ анҷом шаванд. Тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ, сом расман воситаи ягонаи пардохтҳо дар ҳудуди кишвар аст», - изҳор доштааст раиси бонк.

Вай гуфт, сатҳи баланди долларзадагии иқтисодиёт таъсири манфӣ дорад, ба ҳамин далел бояд доду гирифт бо сом анҷом шавад. Ин имкон медиҳад, ки мавқеи сом устувор ва доллар коҳиш ёбад.

Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳукумати Қирғизистон барои аз долларзадагии иқтисодиёт раҳо шудан нақшаеро рӯи даст гирифтааст ва бо ин тартиб мехоҳад вобастагии кишварро аз асъори хориҷӣ кам кунад.

XS
SM
MD
LG