Дар ин бора Эрдуғон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN изҳор дошт, ки порае аз он имрӯз пахш шуд. Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин зикр кард, ки рух додани чунин ҳолатро аз эҳтимол дур намедонад ва афзуд, ки дар ин сурат Туркия "иқдоми фаврӣ" мегирад, аммо ин чӣ иқдоме хоҳад буд, машаххас накард.
Президенти Туркия такрор кард, ки Анқара хостори ташаннуҷи вазъ дар минтақа нест. Ба гуфтаи Эрдуғон масъулияти чунин вазъро онҳое бар дӯш хоҳанд дошт, ки аз Сурия ҳимоят мекунанд.
Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу дар рӯзномаи бритониёии TheTimes навишт, ки Анқара талош дорад шиддати нофаҳмӣ дар муносибат бо Москваро, бахусус дар мавриди мубориза бо гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" пойин барад.
Мақомоти Русия сарнагунии Су-24-ро аз сӯйи нерӯҳои ҳавоии Туркия "зарба ба пушт" ва "нишони ҳамла" унвон карда, аз таҳримҳои эҳтимолии зидди Туркия хабар додаанд.