Ссылки доступа

Исми пулиси кушташуда дар даргиири Боку ошкор шуд


Исми яке аз ду пулиси кушташуда дар даргирии 26 ноябр дар шаҳраки Нардарани Боку эълом шуд.

Femida.az хабар медиҳад, ки исми пулиси кушташуда Вюгар Насибов будааст. Вай майори пулис буда, ба унвони бозрас дар Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта кор мекардааст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Хабар дода мешавад, ки марҳум дар Раддаи шарафи қабристони давлатӣ хоксупорӣ мешавад.

ВКД Озарбойҷон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ин даргирӣ 6 нафар кушта шудаанд, ки ду нафари онҳо пулис ва 4 нафари дигар шаҳрвандони оддӣ будаанд. Ба иддаои пулис, онҳо талош доштанд, рӯҳонии саршиноси Ислом Толеъ Боқирзодаро боздошт кунанд, аммо ҷонибдоронаш ба сӯйи пулис тирпарронӣ кардаанд.

Дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар Нардаран 6 нафар кушта шудаанд ва пулис онҳоро дар талоши таъсиси давлати исломӣ бо қонунҳои шариат ва сармоягузории ҷунбиши ифротгаро айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG