Дар сурати тасвиби ин тарҳ аз сӯйи порлумон ташхиси пизишкӣ пеш аз ақди никоҳ дар кишвар ҳатмӣ мешавад. Мақомот изҳор медоранд, ки чунин тадбир барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳое мисли Вич-СПИД зарур аст.
Ба иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон, ҷаласаи ҳукумати кишвар ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Дар ин ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин ислоҳу ва тағйири қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонун дар бораи "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қонунҳо "Дар бораи хидмати давлатӣ", "Дар бораи иҷораи молӣ (лизинг)", "Дар бораи ҳимояи саломатии аҳолӣ" ва Кодекси оила баррасӣ шудаанд.