Дар ин бора дар як мизи гирд оид ба масоили тундгароии мазҳабӣ ва терроризм дар Остона изҳори назар шудааст. Муовини вазири адлияи Қазоқистон Бакитжон Абдирайим гуфтааст, дар кишвар норасоии шадиди диншиносон эҳсос мешавад, «аммо мутахассисони ботаҷриба ангуштшуморанд».
Ба гуфтаи мудири Маркази ташхиси судии вазорати адлияи он кишвар Исидор Борчашвилӣ, дар Қазоқистон дар се соли охир наздики 2 ҳазор ташхиси судии дорои хусусияти мазҳабӣ анҷом шудааст. Мутахассисон парвандаҳои ҷиноятии барангезандаи хусумати динӣ, ташкили гуруҳҳои экстермистӣ ва роҳбарии онҳо, терроризм ва тарғиби он ва ғайраро ташхис кардаанд.