Ссылки доступа

Дар Порис наздики 100 эътирозгар боздошт шуд


Пулиси Фаронса барои пароканда кардани гирдиҳамоии мухолифони конфронси байналмилалии тағйири иқлим дар Порис аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоафкан истифода кард.

Эътирозгарон ба сӯи пулис зарфҳои шишагӣ ҳаво доданд. Дар посух пулис аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоафкан кор гирифт. Тавре радиои байналмилалии Фаронса хабар медиҳад, баъди он ки эътирозгарон ба сӯи майдони Республика раҳсипор шуданд, пулис наздики 100 нафари онҳоро боздошт кард.

Дар робита ба вазъияти фавқулода, ки баъди ҳамлаҳои 13 ноябр дар Фаронса эълон шуд, мақомот гирдиҳамоии оммавиро манъ кардааст.

Дар остонаи баргузории саммити СММ оид ба тағйири иқлим садҳо ҳазор эътирозгар аз саросари ҷаҳон ба кӯчаҳо баромаданд.

Ширкаткунандагони эътирозҳо тақозо доранд барои пешгирии тағйири иқлим иқдомҳои фаврӣ ва муассир рӯи даст гирифта шавад. Норозиён тағйири иқлимро натиҷаи фаъолияти инсонҳо медонанд.

Раҳпаймоии бузург дар Лондон барпо шуд, дар Ню-Йорк, Рио-де-Жанейро ва Мехико баргузории раҳпаймоиҳо дар назар аст.

XS
SM
MD
LG