Ссылки доступа

Бозгашт ба СССР – Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дубора давлатӣ шуд


Бо қарори додгоҳи иқтисодии Душанбе ширкати саҳҳомии «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и маъруф ба ЦУМ ба моликияти давлатӣ табдил шуд.

Ин маркази тиҷоратӣ давоми даҳ сол, сар аз соли 1993 то 2003 зина ба зина ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил шуд, ки саҳмияҳои ин ширкат умдатан дар дасти кормандони худи фурӯшгоҳ буд. Баҳс миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо ҷамъияти «Фурӯшгоҳи марказӣ» чанд сол идома кард.

Мақомот мегӯянд, дар раванди хусусигардонӣ қонун риоя нашудааст, аммо роҳбарияти фурӯшгоҳ изҳор медорад, ки қарори додгоҳ зери фишори доираҳои муайян бо ҳадафи тақсими дубораи моликият ва ғасби қитъаи замини гаронарзиш дар маркази пойтахти Тоҷикистон, қабул шудааст.

Фурӯшгоҳи марказӣ дар соли 1960 сохта шуд ва ҳатто баъди пошхӯрии СССР ҳам ҳамчун маркази савдо боқӣ монд, ки меҳмонон ва сокинони Душанбе метавонистанд молҳои ниёзи худро аз ин ҷо пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG