Мушаххас шудааст, ки соли 2003 зодаи сӣ солаи шаҳри Таганрог ба артиш даъват шуда, дар яке аз воҳидҳои низомии ин нимҷазира хидмати низомӣ мекардааст.
Баъд аз як сол ин ҷавон фирор мекунад ва мавриди ҷустуҷӯ қарор дода мешавад. Баъд аз чанд моҳ хабар мерасад, ки хешовандони ин низомии фирорӣ дар як ҷасад ӯро шиносоӣ кардаанд ва ба ин сабаб ҷустуҷӯйи вай қатъ карда шуда буд.
Ба гуфтаи боздоштшуда вай ин солҳо дар Камчатка зиндагӣ карда, асосан дар бешазор панаҳ мебурдааст ва аз корҳои майда-чуйда пул пайдо мекардаасту барои тамос бо хешовандонаш талоше накардааст.