Ссылки доступа

Отамбоев барқи обиро аз омилҳои коҳиши хатарҳои зистмуҳитӣ номид


Қирғизистон мехоҳад ҳадди аксари захираҳои барқи обии худро истифода кунад. Дар ин бора президент Алмазбек Отамбоев зимни суханронии худ дар ҳамоиши СММ дар Порис дар масъалаҳои зистмуҳитӣ изҳори назар кард.

«Мӯътақидем, ки рушди нерӯи барқи обӣ дар кишварҳои кӯҳистонӣ омили муҳими пешрафти устувор мебошаду ҳамзамон ба коҳиши чашмраси бухорҳои гулхонаӣ ва ё зараровар ба фазо мусоидат мекунад. Ин кор ба тамоми сайёра таъсири мусбат мерасонад», - гуфт раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев.

Президент гуфт, ки Қирғизистон барои коҳиши тағйири иқлим чанд тарҳи сатҳи миллӣ ва минтақавиро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Отамбоев, ба ин иқдомҳо эҳё ва нигаҳдории низомҳои зистмуҳитии кӯҳистонӣ, аз ҷумла бешазорҳо, истифодаи судманди захираҳои обӣ ва роҳандозии технологияҳои сарфаи об шомил мешаванд.

XS
SM
MD
LG