Ссылки доступа

Қазоқистон узви комилҳуқуқи СҶТ шуд


Қазоқистон узви 162-уми Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) эълон шуд. Дар иттилоияи СҶТ гуфта шудааст, ки Қазоқистон 31 октябри имсол ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои шомил шудан ба созмон тартиб дод, ҳамакнун аз 30 ноябр ба узвияти СҶТ пазируфта шуд.

Бастаи ҳуҷҷатҳои узвияти Қазоқистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) аз сӯи шӯрои умумии созмон рӯзи 22 июн тасдиқ шуда буд. Гуфтугӯи Қазоқистон барои шомил шудан ба ин созмон наздики 20 сол идома кард.

Қазоқистон аз соли 1996 ба ин сӯ дар талоши шомил шудан ба СҶТ буд. Гуфтугӯҳо дар ин муддат чандин бор қатъ шуданд. Аз ҷумла дар робита ба иштироки Қазоқистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки онро Русия роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG