Ссылки доступа

Дар Қазоқистон Рӯзи Президенти Нахустин таҷлил шуд


Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Президенти Нахустини Қазоқистон 1 декабр дар Остона маросими тантанавии барафрохтани нишони махсуси президент ва эътои Парчами Хадамоти муҳофизаи давлат доир шуд.

Дар ин рӯз Нурсултон Назарбоев аз Осорхонаи таърихиву ҳарбӣ, ки ёдгориҳои нодиру беназир он ҷо ба намоиш гузошта шудааст, дидан кард. Ин ёдгориҳо таърихи фарҳангиву ҳарбии мардуми қазоқро бозгӯ мекунанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз иштироки президент дар маросими афрухтани арчаи асосии солинавӣ дар назар аст.

Рӯзи Президенти Нахустини Қазоқистон дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1 декабри соли 1991 таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG