Ссылки доступа

Бунёди Сорос айбгузориҳои Додситонии кулли Русияро рад мекунад


Дар бунёди "Ҷомеаи боз", ки аз сӯйи миллиардери саховатманди амрикоӣ Ҷорҷ Сорос таъсис шудааст, иттиҳоми Додситонии кулли Русияро рад карданд. Ин ниҳод ахиран эълом кард, ки фаъолияти “Сорос” дар Русия ба амният ва сохти констутсионии он кишвар хатар эҷод мекунад.

"Ҳарчанд Додситонии Русия чунин иддао мекунад, дар асл бунёди "Ҷомеаи боз" дар тӯли қариб чаҳоряк аср ба тақвияти ниҳодҳои қонунӣ дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон кумак кардааст", -- омадааст дар баёнияи ин созмон.

30 ноябр Додситонии кулли Русия вуҷуди бунёди "Ҷомеаи боз" ва созмони "Ҳамдастӣ", ки аз сӯйи Ҷорҷ Сорос таъсис шудаанд, нохоҳам дониста, онҳоро "хатаре барои сохти констутсионии Федератсияи Русия" унвон кард.

Намояндаи департаменти давлатии ИМА Марк Тонер ин амали мақомоти Русияро боз як қадаме барои ҷудо сохтани кишвар аз ҷаҳони беруна номид.

Қонун дар бораи созмонҳои дилнохоҳи Русия дар моҳи майи соли 2015 қабул шудааст. Ҳар созмони ғайридавлатии хориҷӣ ва ё ниҳоди дигари байналмиллалӣ, ки "ба сохти констутсионии Русия, мудофиа ва амнияти он хатар доранд", "нохоҳам" дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG