Ссылки доступа

Дар Нордорони Озарбойҷон амалиёти махсус дар ҷараён аст (видео)


Аз соати ҳашти субҳи 1 декабр ниҳодҳои интизомӣ дар Нордорон амалиёти махсус анҷом медиҳанд. Ин хабар дар баёнияи муштараки Додситонии кул, вазорати амнияти миллӣ ва ВКД зикр шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки тибқи нақша ба ин шаҳрак воситаҳои махсуси Нерӯҳои дохилӣ ва ҷузъҳои пулис "ба миқдори маҳдуд" фиристода шудаанд. Дар маҳаллаҳои дақиқ постгоҳҳо гузошта шудаанд. Ҳоло дар маҳалли баргузории амалиёти махсус гуруҳҳои бозрасӣ ва таҳқиқотии Додситонии кулл, Вазорати амнияти миллӣ ва ВКД корҳои ҷустуҷӯӣ ва бозрасӣ анҷом медиҳанд.

"Бо мақсади таъмини амнияти сокинони шаҳраки Нордорон дар муддати анҷоми амалиёти махсус аз онҳо хоста мешавад, ки қоидаҳоро риоя карда, аз амалҳое, ки ба зиндагӣ ва саломатии намояндагони мақомот хатар эҷод мекунанд, худдорӣ карда, ба талаби онҳо итоат намоянд", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, нисбати шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, ба баргузории амалиёт монеъ мешаванд, дар чаҳорчӯби қонун чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешида мешавад. Баргузории амалиёти махсус таҳти назорати раиси ҷумҳур қарор дошта, ӯро аз раванди ин амалиёт пайваста огаҳ месозанд.

XS
SM
MD
LG