Миқдори ҳавопаймоҳо дар Сурия метавонад то ба сад адад афзоиш ёбад, хабар медиҳад РВК.
Муаллифи матлаб зикр мекунад, ки фурудгоҳ дорои хатти парвози асосии секилометрӣ аст, ки метавонад ба нишасту парвози ҳавопаймоҳои навъҳои гуногун имкон диҳад. Ҳамчунин ин фурудгоҳ дорои хатти парвози эҳтиётӣ аст, ки омодагӣ барои истифодаи он ҳоло анҷом меёбад.
Ба эътиқоди манбаҳои ин нашрия, истифодаи пойгоҳи Шайрат ба Русия имкон медиҳад, ки миқдори ҳавопаймоҳояшро дар Сурия ба беш аз 100 адад расонад. Дар ин минтақа ҳамчунин нерӯҳои ҳифозатӣ ва таъмини ин пойгоҳ ҷобаҷо хоҳанд шуд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Русия ба мухбири "Лента.ру" хабар додааст, ки истифода аз пойгоҳи Шайрат барои тақвияти амалиёт дар ҷануб ва шарқи Сурия зарур аст.