Шоми 13 ноябр дар Порис силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи террористӣ рух дод. Дар кӯчаҳо ва қаҳвахонаҳо ба одамон тир кушоданд, аз ҷониби террорист таркишҳои худкушона ба амал омад, даҳҳо нафар дар толори консертӣ ба гаравгон гирифта шуданд. Дар натиҷа 130 нафар кушта ва 350 каси дигар маҷруҳ гардид.
Масъулияти ин ҳамларо, ки хунинтарин ҳамла дар таърихи Фаронса унвон мешавад, гуруҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.