Гардиши метро муваққатан қатъ шудааст. Бино бар иттилои пешакӣ, манбаи таркиш дар сандуқи барқ – электротрансформатор ҷойгир будааст. Ҳоло дақиқ нест, ки оё ин таркиш аз хатои фаннӣ дар сандуқи барқ ба амал омад ё аз бомб.
Маҳали Байрампошо ва минтақаҳои наздики вай бе барқ мондаанд.
Бино бар иттилои телевизион, дар маҳали ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти сухторнишонӣ гирд омадаанд.