Ин мониторингро вазорати иқтисод, Институти миллии таҳқиқоти стратегии он кишвар ва Барномаи байналмилалии озуқавории СММ таҳия мекунанд.
Дар мониторинг зикр шудааст, ки моҳи октябр нархи чаканаи маҳсулоти ниёзи аввалия мутаносибан устувор буд. Он замон арзиши сабзӣ 16%, себ - 27% ва картошка – 3% коҳиш ёфта буд. Ин арзоншавӣ дар пайи ҳосили фаровони маҳсулоти сабзавотӣ ба миён омад.
Хабар дода мешавад, ки нархи шакар ва равғани растанӣ баръакс аз 3% то 5% боло рафтааст. Болоравии қурби доллари ИМА ва нархҳои ҷаҳонӣ дар гарон шудани ин маҳсулот таъсир дошт. Дар моҳи октябр нархи ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба моҳҳои қаблӣ 17% боло рафтааст.