Парвандаҳо тибқи моддаҳои "Сӯйистифода аз мақоми хидматӣ", "Истифодаи ғайриқонунии маблағҳои будҷавӣ" ва "Азхудкунӣ ва ё сарфи беҳудаи моликияти ба боварии онҳо додашуда" боз карда шудаанд.
Дар Идораи зиддифасоди КДАМ афзуданд, ки дар Кумитаи давлатии корҳои мудофиа ҳолате ошкор шудааст, ки фасод дар истифодаи ғайриқонунии маблағҳои будҷавӣ шакли доимӣ ва муназзамро касб кардааст. Дар силсилаи парвандаҳои нав сухан дуздии даҳҳо миллион доллар меравад.