Ссылки доступа

Дар Қазоқистони Ғарбӣ хадамоти коммуналӣ гаронтар шуд


Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ корхонаҳои барқрасон, обу корез ва гармидиҳӣ нархи хадамоти худро боло мебаранд.

Департаменти вилоятии кумитаи танзими монополияҳои табиӣ ва ҳифзи рақобати Қазоқистони Ғарбӣ дархости ин корхонаҳоро тасдиқ кардааст, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Уралск раиси ин департамент Валихан Разов.

Ба ин тартиб нархи нерӯи барқ 10,6%, гармӣ қариб 34% ва арзиши об 31 дарсад афзоиш меёбанд.

Ба ҳисоби Валихан Разов аз моҳи январи соли 2016 ҳаҷми миёнаи пардохтҳои коммуналлӣ барои манзили якҳуҷрагии қариб 32 метри муррабаъӣ (бо дарназардошти арзиши оби хунук ва гарм, хадамоти гармидиҳӣ, газ, хадамоти коммуналӣ ва берун бурдани ахлот) қариб 10 ҳазор танга мешавад. Ҳарчанд пештар ин рақам баробари 8 ҳазор танга буд.

XS
SM
MD
LG