Ссылки доступа

Дар Чукотка сар ва узви таносули морж ё шермоҳиҳоро буридаанд


Моҳи октябр дар минтақаи гулӯгоҳи Халвэткун ҷасади чандин морж ё шермоҳӣ кашф шудааст, ки осори тир доштанд ва бархе аз онҳоро сар буридаанд.

Додситонии Чукотка дар мавриди қатли 19 морж ё шермоҳии уқёнуси Ором дар боғи миллии "Берингия" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора сомонаи ин ниҳод хабар додааст.

Парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи "Сайди ғайриқонунии захираҳои табиии обӣ, ки аз сӯйи гурӯҳи мардум бо маслиҳати пешакӣ ва расонидани хисороти калон содир шудааст" боз карда мешавад.

Ҷасади шермоҳиҳо моҳи октябр дар минтақаи гулӯгоҳи Халвэткун ошкор шудаанд. Дар гӯши бархе аз ҳайвонҳо пайи тир дида мешавад ва бархе аз онҳоро сар буридаанд. Ҳамчунин бакулюм (устухони узви таносул)-и онҳо бурида шудааст. Ба арзёбии додситонӣ ҳаҷми хисороти воридшуда ба захираҳои биологии Русия қариб 400 ҳазор рубл шудааст.

Қаблан хабар расида буд, ки дар ҷараёни бозрасии пешакӣ раёсати минтақавии ВКД дар ҳалокати ҳайвонҳо нишони ҷиноятро ошкор накардааст.

XS
SM
MD
LG