Котиби давлатии ИМА ин нуктаро рӯзи чаҳоршанбеи 2 декабр баъд аз даъвати расмии вазирони умури хориҷии НАТО аз Черногория барои пайвастан ба ин паймон баён дошт.
Мақомоти рус ба тасмими марбут ба Черногория вокуниши манфӣ нишон дода, изҳор доштанд, ки агар ин кишвари Балкан ба узвияти НАТО пазируфта шавад, Русия аз иҷрои барномаҳои муштарак бо он худдорӣ хоҳад кард. Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия гуфт, “идомаи густариши НАТО” наметавонад бе иқдомҳои ҷавобие монад, ки ҳадафашон таъмини амнияти манфиатҳои Русия хоҳад буд.