Бархе аз айбҳо аз Ахметов гирифта шуданд, ва яке аз онҳо "нармтар" шуда, "сӯйистифода аз вазифа" ба "пешгирӣ аз фаъолияти қонунии соҳибкорӣ, ки хисоротеро ба дунбол дошт," тағйир дода шуд.
Барои ҳокими собиқи вилояти Қарағанда Бауржан Абдишев додситонӣ ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ ва ба шаҳрдори собиқи Қарағанда Мейрам Смагулов чаҳор соли зиндонро талаб дорад. Дар маҷмуъ, дар ин парвандаи пурсарусадо беш аз 20 мансабдор ва соҳибкорон муҳокима мешаванд. Қарор аст имрӯз дар муҳокимаи додгоҳӣ вакилони дифоъ суханронӣ кунанд.