Ссылки доступа

Сарвазири Ироқ: барои мубориза бо ДИ нерӯҳои вижаи ИМА зарур нест


Нахуствазири Ироқ Хайдар ал-Ибодӣ изҳор дошт, ки ба Иёлоти Муттаҳида фиристодани нерӯҳои вижаи низомӣ ба Ироқ барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИ) зарур нест ва ИМА бояд барои интиқоли низомиён иҷозаи Ироқро бигирад.

Ибодӣ ин мавзуъро баъд аз он матраҳ кард, ки раҳбари Пентагон Эштон Картер дар конгресс гуфт, ки ИМА барои амалиёти зидди ДИ нерӯҳои вижаро ба Ироқ хоҳад фиристод.

“Ироқ ба истифодаи нерӯҳои хушкигарди артиши хориҷӣ дар қаламрави худ ниёз надорад”, - гуфт Ибадӣ ва афзуд, ки ҳар гуна амалиёти низомӣ дар ҳар кунҷи Ироқ наметавонад бе ризоияти Бағдод анҷом дода шавад. Пештар Ибодӣ гуфта буд, ки Ироқ худ тавони пирӯзӣ бар ДИ-ро дорад.

Эштон Картер дар моҳи гузашта изҳор дошта буд, ки нерӯҳои вижаи низомии ИМА метавонад, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои курдии “пешмарга” барои гирифтани минтақаи Синҷар дар шимоли Ироқ, ки ҳоло дар дасти ҷангҷӯёни ДИ аст, амалиёти муштараки комёбона анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG