Аз аввали декабр то рӯзи 12-уми ин моҳ амалан аксбардорӣ ва тамринҳо идома мекунад. Озмун 13 декабр оғоз ва то 19 декабр давом меёбад.
Дар сомонаи расмии ин озмун зикр шудааст, ки хонум Таттыбубу Самидин 20 сол дорад. Вай муҳаррири маҷаллаи «Cosmolady» аст, ният дорад дар оянда тарроҳи либос шавад ва ҳамчунин вориди сиёсат гардад.
Ба ҷуз аз фаъолияти муҳаррирӣ, Таттыбубу волейбол мебозад, рақсиданро дӯст медорад ва рақсҳои анъанавии қирғизиро хеле хуб иҷро мекунад.